Бахши тафсир
Ҷ: Сураи Фотиҳа ва тафсири он:
(Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон 1
Сипос махсуси Аллоҳ Таъоло–Парвардигори ҷаҳониён аст. 2
Бахшандаи меҳрубон аст. 3
Молики рӯзи ҷазост. 4
[Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. 5
Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон]. 6
Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд. 7) (Сураи Фотиҳа, оятҳои 1-7)
Тафсир:
Ин сура бинобар он ки китоби Аллоҳ Таъоло бо он оғоз ёфтааст, "Фотиҳа" номгузорӣ шудааст.
1. (Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон 1) Ба номи Аллоҳ тиловати Қуръонро оғоз мекунам. Бо ёрии Ӯ Таъоло ва табаррук ҷустан ба зикри номи Ӯ.
- (Аллоҳ) яъне: Маъбуди барҳақ, касе ҷуз Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло ба ин исм номида намешавад.
- (Бахшанда) яъне: Дорои раҳмати густарда, Он ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст.
- (Меҳрубон) яъне: Он ки барои муъминон меҳрубон ва дорои раҳмат аст.
2. (Сипос махсуси Аллоҳ Таъоло–Парвардигори ҷаҳониён аст 2) Яъне: Ҳама гуна ситоиш ва камол танҳо аз они Аллоҳ аст.
3. (Бахшандаи Меҳрубон аст 3) яъне: Дорои раҳмати густардае, ки ҳама чизро фаро гирифтааст ва дорои раҳмати хоссе, ки барои муъминон аст.
4. (Молики рӯзи ҷазост 4): рӯзи қиёмат.
5. ([Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем). Яъне: Танҳо Туро ибодат мекунем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем.
6. (Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон] 6): ки он ҳидоят ба сӯи Ислом ва суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст.
7. (Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд 7) Яъне: Роҳи бандагони солеҳи Аллоҳ, паёмбарон ва пайравонашон, на роҳи насрониён ва яҳудиён.
- Ва суннат аст, ки баъд аз тиловати он "Омин" бигӯед. Яъне: дуои моро истиҷобат бикун.
Ҷ: Сураи Залзала ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
(Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд 1
Ва замин борҳои сангинашро берун резад 2
Ва инсон мегӯяд: "Он [замин]-ро чӣ шудааст?" 3
Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад 4
Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст 5
Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад 6
Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад 7
Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад 8) (Сураи Залзала, оятҳои 1-8)
Тафсир:
1. (Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд 1): Ҳаргоҳ замин ба шиддат биҷунбад, ҷунбидане, ки дар рӯзи қиёмат рух медиҳад.
2. (Ва замин борҳои сангинашро берун резад 2): Ва замин ончиро, ки дар шиками худ дорад, аз мурдагон ва ғайри онро берун андохт.
3. (Ва инсон мегӯяд: «Он [замин]-ро чӣ шудааст?» 3): Ва инсон дар ҳайрат афтода гӯяд: Заминро чи шуда бошад, ки чунин меҷунбад ва меларзад?!
4. (Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад 4): Дар он рӯзи бузург замин аз ҳарчи некӣ ва бадӣ бар он карда шудааст, хабар медиҳад.
5. (Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст 5): Зеро Аллоҳ Таъоло онро аз ин огоҳ сохтааст ва ба он амр кардааст.
6. (Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад 6): Дар он рӯзи бузург, ки замин ба ларза медарояд, мардум гурӯҳ-гурӯҳ аз макони ҳисобу китоб берун меоянд, то ин ки амалҳои дар дунё кардаашонро мушоҳида намоянд.
7. (Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад 7): Пас ҳар ки ба андозаи мурчае амали нек карда бошад, онро дар назди худ хоҳад ёфт.
8. (Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад 8): Ва ҳар ки ба андозаи мурчае амали бад карда бошад, онро дар назди худ хоҳад ёфт.
Ҷ: Сураи Одиёт ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
(Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд 1
Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд 2
Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд 3
Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд 4
Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд 5
Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст 6
Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст 7
Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад 8
Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд? 9
Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад 10
Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст 11) (Сураи Одиёт, оятҳои 1-11)
Тафсир:
1. (Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд 1): Аллоҳ Таъоло ба аспҳои давандае қасам ёд мекунад, ки аз шиддати давиданашон садои нафасҳои онон ба гӯш мерасад.
2. (Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд 2): Ва Аллоҳ ба аспҳое савганд ёд кард, ки бо бархурди сумҳояшон ба сангҳо ва аз шиддати ин бархӯрд оташ меафрӯзад.
3. (Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд 3): Ва ба аспоне савганд ёд кард, ки ба ҳангоми субҳ ба душманон ҳамла мекунанд.
4. (Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд 4): Бо давиданашон чангу хок меафкананд.
5. (Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд 5): Пас ҳамроҳ бо саворони худ дар миёни гурӯҳи душманон ворид шаванд.
6. (Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст 6): Албатта, инсон он хайреро, ки Парвардигораш барояш мехоҳад , боз медорад.
7. (Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст 7): Ва ӯ бар ин боз доштанаш аз хайр гувоҳ аст ва ба далели равшании он наметавонад онро инкор кунад.
8. (Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад 8): Ва ин ки ӯ аз шиддати муҳаббаташ ба молу сарват бухл меварзад.
9. (Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд? 9): Оё он инсон, ки фирефтаи зиндагии дунё шудааст, намедонад, ки ҳаргоҳ он чи дар қабрҳо аст барангехта шавад ва мурдагон ба сӯи сарзамини ҳисоб берун оянд, кор онгунае, ки тасаввур мекунанд нахоҳад буд?
10. (Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад 10): Ва ниятҳо ва эътиқодот ва дигар чизҳое, ки дар дилҳо аст равшану ошкор хоҳад гашт.
11. (Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст 11): Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон аз ҳолашон огоҳ аст ва чизе аз амри бандагонаш аз Ӯ пинҳон нахоҳад буд ва онҳоро бар ин асос подош ва ҷазо хоҳад дод.
Ҷ: Сураи Қориъа ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
( [Он] Фурукӯбанда 1
[Он] Фурукӯбанда чист? 2
Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист? 3
Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд 4
Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд 5
Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад 6
[Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд 7
Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад 8
Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст 9
Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист? 10
Оташе аст сӯзон [ва шуълавар] 11) (Сураи Қориъа, оятҳои 1-11)
Тафсир:
1. ([Он] Фурукӯбанда 1): Яъне, аз шиддати даҳшати қиёмат дилҳои мардум ба ларза медароянд.
2. ([Он] Фурукӯбанда чист? 2): Қиёмат чӣ гуна рӯзест, ки аз шиддати даҳшаташ дилҳои мардум ба ларза медарояд?!
3. (Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист? 3): Ва ту - эй Паёмбар - чи медонӣ, ки ин соат, ки дилҳои мардумро аз шиддати тарс мекӯбад, чист? Он рӯзи қиёмат аст.
4. (Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд 4): Рӯзе, ки дилҳои мардум кӯбида мешаванд, монанди парвонаҳои пароканда дар ҳар сӯ хоҳанд буд.
5. (Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд 5): Ва кӯҳҳо дар сабукӣ ва ҳаракаташон монанди пашми задашуда хоҳанд буд.
6. (Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад 6): Аммо он кас, ки аъмоли некаш бар кирдори бадаш болотар бошад.
7. ([Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд 7): Пас ӯ дар зиндагии хуше хоҳад буд, ки дар биҳишт ба он мерасад.
8. (Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад 8): Ва аммо касе, ки бадиаш аз аъмоли некаш болотар бошад.
9. (Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст 9): Яъне ҷойгоҳаш дар рӯзи қиёмат ҷаҳаннам аст.
10. (Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист? 10): Яъне, эй Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ту намедонӣ, ки он (Ҳовия) чист?
11. (Оташе аст сӯзон [ва шуълавар]11): Он оташи сахт сӯзон ва шуълавар аст.
Ҷ: Сураи Такосур ва тафсири он.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
(Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт 1
То [поёни] коратон ба гӯристон расид 2
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист 3
Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист 4
Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед] 5
Савганд, ки дузахро хоҳед дид 6
Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид 7
Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд 8) (Сураи Такосур, оятҳои 1-8)
Тафсир:
1. (Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт 1): Эй мардум! Ифтихор кардан дар амволу фарзандон шуморо аз тоати Аллоҳ боз дошт.
2. (То [поёни] коратон ба гӯристон расид 2): То ин ки вафот кардед ва ба қабрҳои худ даромадед.
3. (Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист 3): Барои шумо лоиқ нест, ки ин ифтихор кардан шуморо аз тоати Аллоҳ боз дорад. Шумо ба зудӣ хоҳед донист, ки оқибати ин тафохур ва дур будан аз тоати Аллоҳ чӣ гуна аст.
4. (Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист 4): Сипас оқибати онро хоҳед донист.
5. (Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед] 5): Дар ҳақиқат агар яқин медонистед, ки ба назди Аллоҳ барангехта хоҳед шуд ва шуморо барои амалҳоятон подош хоҳад дод, ҳаргиз машғули фахрфурушӣ барои амволу фарзандони худ намешудед.
6. (Савганд, ки дузахро хоҳед дид 6): Савганд ба Аллоҳ, албатта, дар рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннамро хоҳед дид.
7. (Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид 7) Барои бо чашми сар диданатон ҳеҷ ҷои шакку тардиде вуҷуд надорад.
8. (Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд 8): Сипас Аллоҳ дар рӯзи қиёмат аз шумо дар бораи неъматҳое, ки барои шумо дода буд, аз ҷумла саломатӣ, молу сарват ва дигар неъматҳо хоҳад пурсид.
Ҷ: Сураи Аср ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
(Савганд ба аср 1
Ки инсон дар зиён аст 2
Магар муъминони накукоре, ки якдигарро ба ҳақ супориш намудаанд ва ба шикебоӣ тавсия кардаанд 3) (Сураи Аср, оятҳои 1-3)
Тафсир:
1. (Савганд ба аср): Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ба замон (вақт) савганд ёд кардааст.
2. (Ки инсон дар зиён аст 2): Яъне, ҳар инсоне дар нуқсон ва ҳалок аст.
3. (Магар муъминони накукоре, ки якдигарро ба ҳақ супориш намудаанд ва ба шикебоӣ тавсия кардаанд 3): Яъне, магар онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба ҳақ даъват карданд ва бар он сабр кардаанд. Ин гурӯҳ аз зиён наҷот ёфтагонанд.
Ҷ: Сураи Ҳумаза ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
(Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе! 1
[Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард 2
Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад 3
Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд 4
Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист? 5
Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст 6
[Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад] 7
Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосираашон карда] аст 8
[Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст 9) (Сураи Ҳумаза, оятҳои 1-9)
Тафсир:
1. (Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе! 1): Азоби сахт гиребонгири касе аст, ки бисёр ғайбат мекунад ва ба мардум таъна мезанад.
2. ([Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард 2): Касе, ки ягона кораш андӯхтани сарват ва шумориши он аст, кори дигаре надорад.
3. (Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад 3): Ин гуна шахс гумон мекунад, ки сарвати ҷамъкардааш ӯро аз марг наҷот медиҳад ва имкон медиҳад, ки дар дунё абадӣ бимонад.
4. (Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд 4): На, ончунон нест, ки он нодон тасаввур мекунад, балки бешак ӯро дар оташи ҷаҳаннам меандозанд, оташе, ки ҳар чизе дар он андохта шавад, аз шиддати хушунаташ, дар ҳам мешиканад ва мерезад.
5. ( Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист? 5): Яъне, туро (эй Паёмбар) кӣ огоҳ сохт аз ин оташе, ки ҳар чизеро, ки ба он андохта мешавад, мешиканад?!
6. (Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст 6): Дар ҳақиқат, он оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст.
7. ([Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад] 7): Ки аз баданҳои мардум гузашта ба дилҳояшон роҳ меёбад.
8. (Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосираашон карда] аст 8): Он оташ барои касоне аст, ки дар он азоб мекашанд, баста аст.
9. ([Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст 9): Дар сутунҳои дароз, то натавонанд аз он берун оянд.
Ҷ: Сураи Фил ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
([Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? 1
Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод? 2
Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод 3
[Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд 4
Пас, онҳоро ҳамчун коҳи хойидашуда сохт 5) (Сураи Фил, оятҳои 1-5)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? 1): Оё надонистӣ, эй Паёмбар, Парвардигорат бо Абраҳа ва асҳобаш, ки соҳибони фил буданд, ҳангоме ки мехостанд Каъбаро вайрон кунанд, чӣ кард?
2. (Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод? 2): Аллоҳ Таъоло тадбир ва нақшаи бади ононро барбод дод ва он чи умед доштанд, яъне дур кардани мардум аз Каъбаро, ба даст наоварданд.
3. (Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод 3): Яъне Аллоҳи Мутаъол бар болои сари онҳо паррандагонеро фиристод, ки гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд.
4. ([Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд 4): Парандагон он сангҳоеро, ки (бар сари Абраҳа ва лашкараш) меандохтанд, гилҳои хушкшуда буданд.
5. (Пас, онҳоро ҳамчун коҳи хойидашуда сохт 5): Яъне, Аллоҳ лашкари Абраҳаро мисли баргҳои зироате, ки ҳайвонҳо хӯрда ва поймол кардаанд, гардонд.
Сураи Қурайш ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
(Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш 1
[Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом] 2
Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд 3
Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд 4) (Сураи Қурайш, оятҳои 1-4)
Тафсир:
1. (Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш 1): Мурод аз ин гуфта ин аст, (ки аҳли Қурайш дар як сол ду сафари бисёр муҳим доштанд) онҳо ба ин сафарҳо одат карда буданд (ва ба воситаи онҳо фоидаҳои зиёде медиданд.)
2. ([Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом] 2): (Онҳо) Дар зимистон ба Яман ва дар тобистон ба Шом дар бехатарӣ ва амон сафар мекарданд.
3. (Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд 3): Пас Аллоҳи ягона Парвардигори ин байтулҳаромро ибодат кунанд, ки ин сафарҳоро барояшон осон кард ва ҳеҷ касро шарики Ӯ насозанд.
4. (Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд 4): Ӯ (Аллоҳи Мутаъол) аз гуруснагӣ наҷоташон дод ва онҳоро таом дод ва аз тарс эминашон сохт ва барояшон амният бахшид. Ва ин (ҳама неъмат) ба сабаби эҳтиром ва бузургдошти ҳарам ва сокинонаш дар дили арабҳо буд.
Ҷ: Сураи Моъун ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
([Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мепиндорад, дидаӣ? 1
Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад 2
Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад 3
Пас, вой бар намозгузорон! 4
Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд 5
Касоне, ки худнамоӣ мекунанд 6
Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд 7) (Сураи Моъун, оятҳои 1-7)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мепиндорад, дидаӣ? 1): Оё он касеро, ки рӯзи қиёмат ва савоби он рӯзро инкор мекунад, шинохтӣ?
2. (Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад 2): (Рафтори) он кас (чунин) аст, ки бо хушунат ятимро меронад ва ниёзашро бароварда намесозад.
3. (Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад 3): На худашро ва на дигаронро ба таъом додани камбағалон ташвиқ намекунад.
4. (Пас, вой бар намозгузорон! 4): Пас ҳалок ва азоб бар намозгузорон.
5. (Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд 5): Онон, ки аз намози худ ғофиланд ва ба намозашон аҳамият намедиҳанд, то ин ки вақташ ба поён расад.
6. (Касоне, ки худнамоӣ мекунанд 6): Онон бо намозу аъмоли худ, худнамоӣ мекунанд ва аъмоли худро холисона барои Аллоҳ анҷом намедиҳанд.
7. (Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд 7): Ва аз ёри расондан ба дигарон мамониат мекунанд, ҳатто агар чизе аз онон кам нашавад.
Ҷ: Сураи Кавсар ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
([Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо ба ту хайри бениҳоят ато кардем 1
Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун 2
Бе тардид, душманат [аз ҳамаи хайроту баракот бебаҳра ва] бурида аст 3) (Сураи Кавсар, оятҳои 1-3)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо ба ту хайри бениҳоят ато кардем 1): Эй Паёмбар! Мо ба ту неъматҳои фаровоне додем ва аз ҷумлаи он дарёи Кавсар дар биҳишт аст.
2. (Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун 2): Аллоҳро барои ин неъмат шукр бигӯ, танҳо барои Ӯ дуо ва намоз бигузор ва қурбонӣ бикун, баръакси мушриконе, ки ба бутҳои худ қурбонӣ мекунанд.
3. (Бе тардид, душманат [аз ҳамаи хайроту баракот бебаҳра ва] бурида аст): Касе, ки аз ту нафрат дорад, он касест, ки аз ҳама некиҳо дур шуда, фаромӯш шудааст ва агар зикр шавад, бо нияти бад зикр хоҳад шуд.
Ҷ: Сураи Кофирун ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон! 1
Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам 2
Ва он чиро, ки ман мепарастам, [низ] шумо намепарастед 3
Ва на ман парастишгари он чи шумо парастиш кардаед, хоҳам буд 4
Ва на шумо парастишгари он чи ман мепарастам, хоҳед буд 5
[Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам 6) (Сураи Кофирун, оятҳои 1-6)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон! 1): Бигӯ (эй Паёмбар!) эй касоне, ки ба Аллоҳ кофир шудаед!
2. (Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам 2): Ман он бутҳоеро, ки шумо мепарастед, на ҳозир ва на дар оянда ибодат хоҳам кард.
3. (Ва он чиро, ки ман мепарастам, [низ] шумо намепарастед 3): Шумо ҳам он чиро, ки ман мепарастам, яъне Аллоҳи ягонаро, намепарастед.
4. (Ва на ман парастишгари он чи шумо парастиш кардаед, хоҳам буд 4): Яъне, он чиро, ки шумо мепарстед аз бутҳо, ман намепарастам.
5. (Ва на шумо парастишгари он чи ман мепарастам, хоҳед буд 5): Ва шумо ҳам он чиро ки ман мепарастам, яъне Аллоҳи ягонаро, намепарастед.
6. ([Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам 6): Шумо дини худро доред, ки барои худ ихтироъ кардаед ва ман дини худро дорам, ки Аллоҳ бар ман нозил кардааст.
Ҷ: Сураи Наср ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
([Эй Паёмбар] Ҳангоме ки ёрии Аллоҳ Таъоло ва пирӯзӣ фаро расад 1
Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Аллоҳ Таъоло дохил мешаванд 2
Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст 3) (Сураи Наср, оятҳои 1-3)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Ҳангоме ки ёрии Аллоҳ Таъоло ва пирӯзӣ фаро расад 1): Эй Паёмбар! Ба ёд ор, ҳангомеро, ки ёрии Аллоҳ барои динат фаро расид ва онро бо иззат гардонид ва фатҳи Макка рӯй дод.
2. (Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Аллоҳ Таъоло дохил мешаванд 2): Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ вориди ислом мешаванд.
3. (Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст 3): Бидон, ки ин нишонаи поёнёбии рисолатест, ки ба он фиристода шудаӣ ва нишонаи наздик шудан ба аҷал ва лиқои Парвардигорат аст. Пас Парвардигоратро ҳамду ситоиш бигӯ ва шукри неъмати пирӯзиро бикун ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ. Зеро Ӯ омурзанда ва тавбапазир аст ва бандагонашро мебахшад.
Ҷ: Сураи Масад ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
(Бурида бод ҳар ду дасти Абулаҳаб ва ҳалок бод! 1
Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид 2
Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад 3
Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад] 4
Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост 5) (Сураи Масад, оятҳои 1-5)
Тафсир:
1. (Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст 1): Ҳалок бод (хушк бод) дастони амаки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Абулаҳаб ибни Абдулмутталиб ба сабаби ба зиёни амалаш. Зеро ӯ Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро озору азият медод ва талошҳояш бенатиҷа буданд.
2. (Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид 2): Молу фарзандонаш барои ӯ чӣ кор карданд? Онҳо ӯро на аз ҷазо бозмедоранд ва на барояш раҳмате ҷалб карданд.
3. (Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад 3): Рӯзи қиёмат дар оташи шуълаваре медарояд ва аз гармӣ ва ҳарорати он азоб мекашад.
4. (Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад] 4): Ва ҳамсараш Умми Ҷамил, ки бо андохтани хорҳо дар роҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро озору азият медод, низ вориди оташ мешавад.
5. (Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост 5): Дар гарданаш ресмони сахт ва мустаҳкаме аст, ки бо он ба сӯи оташ кашида мешавад.
Ҷ: Сураи Ихлос ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1
Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2
На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3
Ва ҳеҷ кас ҳаммонанд ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4) (Сураи Ихлос, ояти 1-4)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1): Бигӯ (эй Паёмбар) Ӯ Аллоҳ ва маъбуд аст ва маъбуди дигаре ҷуз Ӯ нест.
2. (Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2) Яъне, ниёз ва ҳоҷатҳои мардум ба сӯи Ӯ бардошта мешаванд.
3. (На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3): Бинобар ин Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло на фарзанде дорад ва на аз касе зода шудааст.
4. (Ва ҳеҷ кас ҳаммонанд ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4): Ва дар миёни махлуқоташ касе монанди Ӯ нест.
Ҷ: Сураи Фалақ ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1
Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2
Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 3
Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4
Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5) (Сураи Фалақ, ояти 1-5)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1): Бигӯ (эй Паёмбар) ба Парвардигори субҳ паноҳ мебарам ва аз Ӯ ёрӣ меҷӯям.
2. (Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2): Аз бадии махлуқоти Ӯ, ки озору зиён мерасонанд.
3. (Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 3): Ва паноҳ мебарам ба Аллоҳ аз ҳама бадиҳое, ки дар шаб зуҳур мекунанд, монанди ҳайвонот ва дуздон.
4. (Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4): Ва паноҳ мебарам ба Ӯ аз шарри занҳои ҷодугаре, ки дар гиреҳҳо дам мекунанд.
5. (Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5): Ва аз шарри шахсе, ки ҳасад меварзад ва мардумро барои неъматҳое, ки Аллоҳ ба онҳо арзонӣ доштааст, мавриди ҳасодат қарор медиҳад ва хоҳони заволи он неъматҳо аз онон мешавад, ба Аллоҳ паноҳ мебарам.
Ҷ: Сураи Нос ва тафсири он:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
( [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1
Фармонравои мардум 2
Маъбуди мардум 3
Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4
Ҳамоне, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5 Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6 (Сураи Нос, оятҳои 1-6)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1): Бигӯ (эй Паёмбар) ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам аз Ӯ ёрӣ меҷӯям.
2. (Фармонравои мардум 2): Чӣ гунае бихоҳад дар онҳо тасарруф мекунад ва молику соҳибе ҷуз Ӯ надоранд.
3. (Маъбуди мардум 3): Ӯ маъбуди ҳақиқии онҳост ва ғайр аз Ӯ маъбуде надоранд.
4. (Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4): Аз шарри шайтон, ки дар дили мардум васваса меандозанд.
5. (Ҳамоне ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5): Яъне, шайтон васвасаи худро ба дили одамон меандозад.
6. (Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6): Яъне, васвасакунанда метавонад аз одамон бошад ё аз ҷинҳо.
*******