Бахши ҳадис
Aз Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: аз Паёмбари Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: "Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар касро мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад; ва ҳар касро, ки ҳиҷраташ, ба сӯйи Аллоҳ ва расули Ӯ бошад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи Аллоҳ ва расули Ӯст. Ва ҳар касро, ки ҳиҷраташ ба сӯйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба сӯйи зане бошад, ки ӯро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи ҳамон чиз аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Ҳама амалҳо ният доранд, аз ҷумла намоз, рӯза, ҳаҷ ва дигар амалҳо.
2. Бояд нияти амал холисона барои Аллоҳ Таъоло бошад.
Ҷ: Аз модари муъминон Умми Абдуллоҳ Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Манъи навоварӣ дар дин.
2. Амалҳои навпайдо (ва воридшуда) дар дин мардуд ва қобили қабул нестанд.
Ҷ: Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Рўзе мо назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногаҳон марде бо либосҳои ниҳоят сафед ва мӯйи сараш ниҳоят сиёҳ сӯйи мо омад, ки асаре аз (гарду ғубори) сафар бар вай дида намешуд ва касе (аз мо низ) ӯро намешинохт. Вай рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонуҳояшро ба зонуҳои он ҳазрат такя дод, кафи дастонашро болои ронҳояш гузошта гуфт: "Эй Муҳаммад, маро аз Ислом хабар деҳ!" Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Ислом он аст, ки шаҳодат бидиҳӣ, ки нест ҳеҷ маъбуде бар ҳақ, ҷуз Худо ва Муҳаммад паёмбари Худо аст; ва намоз бигузорӣ; ва закоти мол бидиҳӣ; ва рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ; ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар бар он тавоноии роҳ дошта бошӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар, Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: "Мо тааҷҷуб кардем аз он мард, ки худ суол мекарду боз мегуфт: "Рост гуфтӣ". Он мард гуфт: "Акнун маро аз имон хабар деҳ!". Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ ва ба китобҳои Ӯ ва ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират бовар дошта бошӣ; ва ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар кунӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ. Акнун маро аз эҳсон хабар деҳ!" Гуфт: «Эҳсон он аст, ки Худоро чунон парастиш кунӣ, ки Ӯро мебинӣ. Ва агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад». Он мард гуфт: "Пас аз омадани рӯзи қиёмат маро хабар деҳ!" Гуфт: «Дар ин бора ҷавобдиҳанда аз суолдиҳанда донотар нест». Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рӯз маро хабар деҳ!" (Паёмбар, (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Он, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд; ва он, ки фақирони бараҳна, бенаво ва чӯпонони камбағал ҳам дар иморатсозӣ бо ҳамдигар сабқат кунанд». Сипас он мард бархосту рафт. Пас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) андаке хомӯш истоду ба ман гуфт: «Эй Умар! Оё медонӣ, ки ин марди суолкунанда кӣ буд?» Умар гуфт: "Худову паёмбараш беҳтар медонанд". Гуфт: «Ба дурустӣ, вай Ҷабраил буд, ки омад, то ба шумо динатонро биомӯзонад». Ривояти Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Аркони панҷгонаи Ислом дар ин ҳадис зикр шудааст, ки онҳо:
- Гувоҳи додан, ки маъбуди барҳаққе нест магар Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст. (Ло илоҳа илла Аллоҳ, Муҳаммадур-расулуллоҳ).
- Барпо доштани намоз.
- Пардохтани закот.
- Рӯза гирифтани моҳи Рамазон.
- Ва ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ (Каъба).
2. Аркони шашгонаи Имон дар ин ҳадис зикр шудааст, ки онҳо иборатанд аз:
- Имон ба Аллоҳ.
- Фариштагони Ӯ
- Китобҳои Ӯ.
- Паёмбарони Ӯ.
- Рӯзи қиёмат.
- Ва тақдири некӣ ва бадӣ.
3. Зикри рукни эҳсон ва он як рукн аст ва ба ин маъно аст, ки Аллоҳро чунон бипарастед, ки Ӯро мебинӣ ва агар Ӯро намебинӣ, Ӯ туро мебинад.
4. Вақти барпо шудани қиёматро касе ғайр аз Аллоҳ намедонад.
Ҷ: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Комилтарини муъминон аз назари имон - неку ахлоқтарини онон ҳастанд." Тирмизӣ ин ҳадисро "ҳасан саҳеҳ" гуфтааст.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Ташвиқ ба ахлоқи неку.
2. Камоли ахлоқ аз камоли имон аст.
3. Имон кам ва зиёд мешавад.
Ҷ: Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст." Ривояти Тирмизӣ.
Аз фоидаҳои ҳадис:
- Савганд хӯрдан ҷуз ба номи Аллоҳи Мутаъол ҷоиз нест.
- Савганд ба ғайри Аллоҳи Мутаъол аз ҷумлаи ширки хурд аст.
Ҷ: Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то ин ки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз дигарон бештар дӯст доштан воҷиб аст.
- Дӯст доштани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз камоли имон аст.
Ҷ: Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусулмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:
- Бар муъмин лозим аст, ки ҳар хайреро барои худ дӯст медорад, барои дигар муъминон ҳам дӯст дорад.
- Ва он аз камоли имон аст.
Ҷ: Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: " Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, ганҷе аз ганҷҳои биҳишт аст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Фазилати ин калима ва ин ки он ганҷе аз ганҷҳои биҳишт аст.
2. Безории банда аз нерӯву тавоноии хеш ва эътимоди комил танҳо ба Аллоҳи ягона.
Ҷ: Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мегуфт: "Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпоре аст, ки агар он солим бошад ҳамаи бадан солим аст ва агар фосид бошад, тамоми бадан фосид аст, огоҳ бошед, ки он дил аст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Солим будани дил, солим будани зоҳир ва ботинро дар бар мегирад.
2. Ба солим будани дил аҳамият диҳед, зеро он солимии инсон аст.
Ҷ: Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе охирон суханаш дар дунё "Ло илоҳа илла Аллоҳ" бошад, ба биҳишт ворид мешавад." Ривояти Абудовуд.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Фазилати "Ло илоҳа илла Аллоҳ" ва ин ки банда ба сабаби он вориди биҳишт мешавад.
2. Ва фазилати касе, ки охирин суханаш дар дунё "Ло илоҳа илла Аллоҳ" бошад.
Ҷ: Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест." Ривояти Тирмизӣ.
Аз фоидаҳои ҳадис:
- Манъ аз ҳаргуна суханони қабеҳ ва дурӯғ.
- Ин худдорӣ, аз хислатҳои муъмин дар забонаш аст.
Ҷ: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Яке аз нишонаҳои зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро, ки бар вай фоида надорад, тарк намояд." Ривояти Тирмизӣ ва дигарон.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Инсон бояд корҳои динӣ ва дунявии дигаронро, ки ба ӯ рабте надорад, тарк намояд:
2. Тарки корҳое, ки ба ӯ рабте надорад, нишони комил будани исломи шахси мусалмон аст.
Ҷ: Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям, алиф, лом, мим як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст." Ривояти Тирмизӣ.
Аз фоидаҳои ҳадис:
1. Фазилати тиловати Қуръони Карим.
2. Ва инки бо хондани ҳар ҳарфе аз он подошҳое дарёфт хоҳи кард.
*******